Магӯй андӯҳи хеш бо душманон

Магӯй андӯҳи хеш бо душманон,
Ки лоҳавл¹ гӯяндшодикунон.


¹ ҷузъе аз ҳадиси «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-алийил азим», яъне, «Нест нерую қуввате магар Худои баландқадру воломартабаро».

Мазмун: Ҳеч вақт ғаму мусибати худро ба душманон ошкор макун, ки дар забон зоҳиран «лоҳавл» мегӯянду дилсӯзӣ мекунанд, аммо дар дил шодӣ мекунанд.