Ду оқилро набошад кину пайкор

Ду оқилро набошад кину пайкор,
На доное ситезад бо сабуксор¹.

Агар нодон ба ваҳшат² сахт гӯяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.

Ду соҳибдил нигаҳ доранд мӯе,
Ҳамедун³ саркашӣ в-озармҷӯе⁴.

В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,
Агар занҷир бошад, бигсалонанд⁵.


¹ сабуксар, аблаҳ.
² нафрат.
³ ҳамчунин.
⁴ шармгину нармхислат.
⁵ пора кунанд.