Суханро сар аст, эй хирадманду бун

Суханро сар аст, эй хирадманду бун¹,
Маёвар сухан дар миёни сахун².
Худованди³ тадбиру фарҳангу ҳуш
Нагӯяд сухан, то набинад хамӯш.


¹ ин ҷо ба маънии охир, анҷом ба кор рафтааст.
² суханҳо.
³ дурандеш, дорои андешаи дуруст.