Ҳофизи Шерозӣ

75. Хоби он наргиси фаттони ту бечизе нест

Хоби он наргиси фаттони ту бечизе нест,
Тоби он зулфи парешони ту бечизе нест.

Аз лабат шир равон буд, ки ман мегуфтам,
Ин шакар гирди намакдони ту бечизе нест.

Ҷондарозии ту бодо, ки яқин медонам,
Дар камон новаки мижгони ту бечизе нест.

Мубталоӣ ба ғами меҳнату андӯҳи фироқ,
Эй дил, ин нолаву афғони ту бечизе нест.

Дӯш бод аз сари кӯяш ба гулистон бигузашт,
Эй гул, ин чоки гиребони ту бечизе нест.

Дарди ишқ арчи дил аз халқ ниҳон медорад,
Ҳофиз, ин дидаи гирёни ту бечизе нест.