Ҳофизи Шерозӣ

27. Зи ҳазрати аҳадӣ ло илоҳа илла-л-лоҳ

Ба гӯши ҷони раҳӣ мунҳие нидо дардод
Зи ҳазрати аҳадӣ ло илоҳа илла-л-лоҳ,
Ки: Эй азиз касеро, ки хорӣ аст насиб,
Ҳақиқат он ки наёбад ба зӯр мансабу ҷоҳ.
Ба оби Замзаму Кавсар сафед натвон кард
Гилеми бахти касеро, ки бофтанд сиёҳ.