Тандурустонро набошад дарди реш

Тандурустонро набошад дарди реш,
Ҷуз ба ҳамдарде нагӯям дарди хеш.

Гуфтан аз занбӯр беҳосил бувад
Бо яке дар умри худ нохӯрда неш!

То туро ҳоле набошад ҳамчу мо,
Ҳоли мо бошад туро афсона пеш,

Сӯзи ман ба дигаре нисбат макун,
Ӯ намак бар дасту ман бар узви реш!