Надидаӣ, ки чӣ сахтӣ ҳамерасад ба касе

Надидаӣ, ки чӣ сахтӣ ҳамерасад ба касе,
Ки аз даҳон-ш бадар мекунанд дандоне.
Қиёс кун, ки чӣ ҳолат бувад дар он соат,
Ки аз вуҷуди азизаш бадар равад ҷоне!