Саъдии Шерозӣ

Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 4

Якеро дил аз даст рафта буд ва тарки ҷон гуфта ва матмаҳи назараш ҷое хатарноку вартаи ҳалок, на луқмае, ки мутасаввир шудӣ, ки ба ком ояд, ё мурғе, ки ба дом афтад.

Чу дар чашми шоҳид наёяд зарат,
Зару хок яксон намояд барат.

Боре ба насиҳаташ гуфтанд: «Аз ин хаёли муҳол таҷаннуб кун, ки халқе ҳам бад-ин ҳавас, ки ту дорӣ, «асиранду пой дар занҷир». Гуфт:

«Дӯстон, гӯ, насиҳатам макунед,
Ки маро дида бар иродати ӯст.
Ҷангҷӯён ба зӯри панҷаву китф
Душманонро кушанду хубон дӯст.

Шарти маваддат набошад, ба андешаи ҷон аз дил меҳри ҷонон баргирифтан:

Ту, ки дар банди хештан бошӣ,
Ишқбози дурӯғзан бошӣ.
Гар нашояд ба дӯст раҳ бурдан,
Шарти ёрист дар талаб мурдан.

* * *

Гар даст расад, ки остинаш гирам,
В-арна биравам, бар остонаш мирам».

Мутааллиқонро, ки назар бар кори ӯ буду шафқат ба рӯзгори ӯ, пандаш доданду бандаш ниҳоданд. Суде накард.

Дардо, ки табиб сабр мефармояд,
В-ин нафси ҳарисро шакар мебояд.

* * *

Он шунидӣ, ки шоҳиде ба ниҳуфт
Бо дилаздастрафтае мегуфт:
«То туро қадри хештан бошад,
Пеши чашмат чӣ қадри ман бошад?!»

Овардаанд, ки мар он подшоҳзодаро, ки манзури назари ӯ буд, хабар карданд, ки ҷавоне бар сари ин майдон мудовимат менамояд, хуштабъу ширинзабон ва суханҳои латиф мегӯяду нуктаҳои бадеъ аз ӯ мешунаванд ва чунин маълум мешавад, ки дилошуфта асту шӯре дар cap дорад. Писар донист, ки дили ӯ овехтаи ӯст ва ин гирди бало андехтаи ӯ, маркаб ба ҷониби ӯ ронд. Чун дид, ки наздики ӯ азм дорад, бигристу гуфт:

Он кас, ки маро бикушт, боз омад пеш,
Моно, ки дилаш бисӯхт бар куштаи хеш!

Чандон ки мулотифат карду пурсидаш: «Аз куҷоию чӣ номӣ ва чӣ санъат донӣ?», дар қаъри баҳри маваддат чунон ғарик буд, ки маҷоли нафас надошт.

Агар худ ҳафт субъ азбар бихонӣ,
Чу ошуфтӣ, «алиф», «бе», «те» надонӣ.

Гуфто:

- Сухане бо ман чаро нагӯӣ, ки ҳам аз ҳалқаи дарвешонам, балки ҳалқабагӯши эшонам?!

Он гаҳ ба қуввати истиноси маҳбуб аз миёни талотуми амвоҷи муҳаббат cap бароварду гуфт:

Аҷаб аст бо вуҷудат, ки вуҷуди ман бимонад,
Ту ба гуфтан андар оию маро сухан бимонад.

Ин бигуфту наърае бизад ва ҷон ба Ҳақ таслим кард.

Аҷаб аз кушта набошад ба дари хаймаи дӯст,
Аҷаб аз зинда, ки чун ҷон бадар овард салим?