Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,
Ки мегӯянд маллоҳон суруде:
«Агар борон ба кӯҳистон наборад,
Ба соле Даҷла гардад хушкрӯде».