Кадом чора сиголам, ки бо ту даргирад?

Кадом чора сиголам¹, ки бо ту даргирад?
Куҷо равам, ки дили ман дил аз ту баргирад?

Зи чашми халқ фитодам ҳанӯзу мумкин нест,
Ки чашми шӯхи ман аз ошиқӣ ҳазар гирад.

Дили заъифи маро нест зӯри бозуи он,
Ки пеши тири ғамат собирӣ сипар гирад.

Чу талхъайшии ман бишнавӣ, ба ханда дарой,
Ки гар ба ханда дароӣ, ҷаҳон шакар гирад.

Ба хаста баргузарӣ, сиҳҳаташ фароз ояд,
Ба мурда дарнигарӣ, зиндагӣ зи сар гирад.

Зи сӯзнокии гуфтори ман қалам бигрист,
Ки дар най оташи сӯзанда зудтар гирад.

Ду чашми масти ту шаҳре ба ғамзае бибаранд,
Карашмаи ту ҷаҳоне ба як назар гирад.

Гар аз ҷафои ту дар кунҷи хона биншинам,
Хаёлат аз дару бомам ба унф¹ даргирад.

Макун, ки рӯзи ҷамолат сар ояд, ар Саъдӣ
Шабе ба дасти дуо домани саҳар гирад.


¹ Андешам.
² Дуруштӣ.