Саъдии Шерозӣ

Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 9

Донишмандеро дидам, ки ба касе мубтало шуда ва розаш аз парда бар мало афтода, ҷаври фаровон бурдӣ ва таҳаммули бекарон кардӣ. Боре ба латофаташ гуфтам, ки туро дар маваддати ин манзур иллате ва бинои муҳаббат - бар зиллате нест? Бо вуҷуди чунин маънӣ лоиқи қадри уламо набошад худро муттаҳам гардонидан ва ҷаври беадабон бурдан!

Гуфт:

- Эй ёр, дасти итоб аз домани рӯзгорам бидор! Борҳо дар ин маслиҳат, ки ту бинӣ, андеша кардам ва сабр бар ҷафои ӯ саҳлтар ояд ҳаме, ки сабр аз нодидани ӯ. Ва ҳукамо гӯянд: «Дил бар муҷоҳида ниҳодан осонтар аст, ки чашм аз мушоҳида баргирифтан!»

Ҳар ки бе ӯ ба cap нашояд бурд,
Гар ҷафое кунад, бибояд бурд.
Рӯзе аз даст гуфтамаш зинҳор,
Чанд аз он рӯз гуфтам истиғфор.
Накунад дӯст зинҳор аз дӯст,
Дил ниҳодам, бар он чи хотири ӯст.
Гар ба лутфам ба назди худ хонад,
В-ар ба қаҳрам биронад, ӯ донад!