Писареро падар насиҳат кард

Писареро падар насиҳат кард,
К-эй ҷавонмард, ёд гир ин панд:
Ҳар кӣ бо аҳли худ вафо накунад,
Нашавад дӯстрӯю донишманд!