GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 13

Тӯтиеро бо зоғе дар қафас карданд ва аз қубҳи мушоҳидаи ӯ муҷоҳидаи ӯ мебурду мегуфт.

- Ин чӣ талъати макрӯҳ асту ҳайати мамқут ва манзари малъуну шамоили номавзун?

Ё ғуроба-л-байни ё лайта байнӣ ва байнака буъда-л-машрицайни (Тарҷумааш: Эй зоғи шум, ҷудоӣ кош миёни ману ту аз шарқ то ғарб фосила будӣ).

Алассабоҳ ба рӯи ту хар кӣ бархезад,
Сабоҳи рӯзи саломат бар ӯ масо бошад.
Бадахтаре чу ту дар суҳбати ту боястӣ,
Вале чунин, ки туӣ, дар ҷаҳон куҷо бошад?

Аҷабтар он, ки ғуроб аз муҷоварати тӯтӣ ҳам ба ҷон омада буду малул шуда, лоҳавлкунон аз гардиши гетӣ ҳаменолид ва дастҳои тағобун бар якдигар ҳамемолид, ки ин чӣ бахти нигун асту толиъи дун ва айёми бӯқаламун? Лоиқи қадри ман он астӣ, ки бо зоғе ба девори бoғe - бар хиромон ҳамерафтаме!

Порсоро бас ин қадар зиндон,
Ки бувад ҳамтавилаи риндон.

То чӣ гунаҳ, кардам, ки рӯзгорам ба уқубати он дар силки суҳбати чунин аблаҳи худрой, ноҷинси хирадарой ба чунин банди бало мубтало гардонидааст?!

Кас наёяд ба пои деворе,
Ки бар он суратат нигор кунанд.
Гар туро дар биҳишт бошад ҷой,
Дигарон дӯзах ихтиёр кунанд.

Ин зарбулмасал бад-он овардам, то бидонӣ, ки садчандон, ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат, бал бештар:

Зоҳиде дар самоъи риндон буд,
3-он миён гуфт шоҳиде балхӣ:
«Гар малулӣ зи мо, туруш манишин,
Ки ту ҳам дар миёни мо талхӣ!»

* * *

Ҷамъе чу гулу лола ба ҳам пайваста,
Ту ҳезуми хушк дар миёнӣ руста.
Чун бод мухолифу чу сармо нохуш,
Чун барф нишастаию чун ях баста.

Саъдии Шерозӣ. ГУЛИСТОН. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2008, 232 саҳ.

Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 14
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 15
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 16
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 17
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 18
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 19
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 20
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 21
Саъдии Шерозӣ Боби шашум » Дар зафъи пирӣ » Ҳикояти 1
Саъдии Шерозӣ Боби шашум » Дар зафъи пирӣ » Ҳикояти 2
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР