Рафиқе доштам, ки солҳо бо ҳам сафар карда будему намак хӯрда ва бекарон хуқуқи суҳбат собит шуда. Охир, ба сабаби нафъе андак озори хотири ман раво дошт ва дӯстӣ сипарӣ шуд. Ва бо ин ҳама аз ду тараф дилбастагӣ буд. Шунидам, ки рӯзе ду байт аз суханони ман дар маҷмаъе ҳамегуфтанд:
Нигори ман чу дарояд ба хандаи намакин,
Намак зиёда кунад бар ҷароҳати решон.
Чӣ будӣ, ар сари зулфаш ба дастам афтодӣ
Чу остини каримон ба дасти дарвешон?
Тоифаи дӯстон ба лутфи ин сухан на, ки бар ҳусни сирати хеш гувоҳӣ ҳамедода буданду офарин бурданд ва ӯ ҳам дар ин ҷумла муболиға карда буд ва бар фавти суҳбати дерин таассуф хӯрда ва ба хатои хеш эътироф намуда. Маълум кардам, ки аз тарафи ӯ ҳам рағбате ҳаст, ин байтҳо фиристодаму сулҳ кардем:
На моро дар миён аҳду вафо буд?
Ҷафо кардию бадаҳдӣ намудӣ.
Ба як бор аз ҷаҳон дил дар ту бастам,
Надонистам, ки баргардӣ ба зудӣ.
Ҳанузат гар сари сулҳ аст, боз ой,
К-аз он мақбултар бошӣ, ки будӣ!
Саъдии Шерозӣ. ГУЛИСТОН. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2008, 232 саҳ.