Саъдии Шерозӣ

Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 15

Якеро зани соҳибҷамоли ҷавон даргузашту модарзани фартут ба иллати кобин дар хона мутамаккин бимонд ва мард аз муҷоварати ӯ ба ҷон ранҷидӣ ва аз муҷоварати ӯ чора надидӣ, то гурӯҳе аз ошноён ба пурсидан омададандаш. Яке гуфто:

- Чӣ гунаӣ дар муфориқати ёри азиз?

Гуфт:

- Нодидани зан бар ман чунон душвор намеояд, ки дидани модарзан.

Гул ба тороҷ рафту хор бимонд,
Ганҷ бардоштанду мор бимонд.
Дида бар тораки синон дидаи
Хуштар аз руи душманон дидан.
Воҷиб аст аз ҳазор дӯст бурид,
То яке душманат набояд дид.