Марди дарвеш, ки бори ситами фоқа 1 кашад

Марди дарвеш, ки бори ситами фоқа кашад,
Ба дари марг ҳамоно, ки сабукбор ояд.

B-он ки дар неъмату осойишу осонӣ зист.
Мурданаш з-ин ҳама, шак нест, ки душвор ояд.

Ба ҳама ҳол асире, ки зи банде бираҳад,
Беҳтар аз ҳоли амире, ки гирифтор ояд.