Саъдии Шерозӣ

Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 17

Соле Муҳаммади Хоразмшоҳ бо Хито барои маслиҳате сулҳ ихтиёр кард. Ба ҷомиъи Кошғар даромадам, писаре дидам, ба хубию ҳусн дар ғояти эътидол ва ниҳояти ҷамол, чунон ки дар амсоли ӯ гӯянд:

Муаллимат ҳама шӯхию дилбарӣ омӯхт,
Ҷафову нозу итобу ситамгарӣ омӯхт.
Ман одамӣ ба чунин шаклу хӯю қадду равиш
Надидаам, магар ин шева аз парӣ омӯхт?!

Муқаддимаи наҳви Замахшарӣ дар даст дошт ва ҳамегуфтам: «Зараба Зайдун Амран ва кона-л-мутааддӣ Амран» (Тарҷумааш: Зайд Амрро зад ва мавриди таҷовузу тааддӣ қарор гирифт).

- Эй писар, Хоразму Хито сулҳ карданду Зайду Амрро ҳамчунон хусумат боқист?!

Бихандиду мавлидам пурсид. Гуфтам:

- Хоки Шероз.

Гуфт:

- Аз суханони Саъдӣ чӣ дорӣ?

Гуфтам:

Булиту би наҳви ясулу муғозибан,
Алаййа ка Зайдин фӣ муқобалати-л-Амри.
Ало ҷарри зайлин лайса ярфаъу раъсаҳу,
Ва ҳал ястақиму-р-рафъу мин омили-л-ҷаррӣ?

Тарҷумаи абёт:

Дучори шахсе наҳвӣ шудам, ки чунон Зайд дар баробари Амр ба ман метохт. Доманакашон мерафту cap аз худписандӣ барнамедошт. Оё аз омил ҷарри рафъ (cap баланд кардан) дуруст аст?

- Ғалиби ашъори ӯ дар ин сарзамин ба забони порсист, агар бигӯӣ, ба фаҳм наздиктар бошад.

Каллими-н-носа ало қадри уқулиҳим — яъне бо дархури фаҳму даниши мардум гуфтугӯ кун.

Гуфтам:

«Табъи туро то ҳаваси наҳв кард,
Сурати сабр аз дили мо маҳв кард.
Эй дили ушшоқ ба доми ту сайд,
Мо ба ту машғулу ту бо Амру Зайд.

Бомдодон, ки ба азми сафар мусаммим шудам, гуфта будандаш, ки фалон Саъдист. Давон омаду талаттуф карду таассуф хӯрд, ки чандин муддат чаро нагуфтӣ, ки «Манам Саъдӣ», то шукри қудуми бузургонро миён ба хидмат бибастаме?!

Гуфтам:

-Бо вуҷудат зи ман овоз наёмад, ки манам?

Гуфто:

- Чӣ шавад, гар дар ин хитта чанде баросоӣ, то ба хидмат мустафид гардем?

Гуфтам:

- Натавонам ба ҳукми ин ҳикоят:

Бузурге дидам андар кӯҳсоре,
Қаноат карда аз дунё ба ғоре.
Чаро, гуфтам, ба шаҳр - андар наёӣ,
Ки боре банде аз дил баркушоӣ?
Бигуфт: «Он ҷо парирӯёни нағзанд,
Чу гил бисёр шуд, пилон билағзанд!»

Ин бигуфтам ва бӯса бар сару рухи якдигар додему видоъ кардем:

Бӯса додан ба рӯи дӯст чӣ суд,
Ҳам дар он лаҳза карданаш падруд?
Себ гӯӣ видоъи ёрон кард,
Рӯй аз ин нима сурху з-он сӯ зард.

* * *

Ин лам амут явма-л-видои таассуфан,
Ло таҳсабунӣ фи-л-маваддати мунсифан.

Тарҷумаи байт:

Агар ба рӯзи ҷудоӣ аз ғам намирам, маро дар дӯстӣ одил машуморед.