Ҳофизи Шерозӣ

78. Дидӣ, ки ёр ҷуз сари ҷавру ситам надошт

Дидӣ, ки ёр ҷуз сари ҷавру ситам надошт,
Бишкаст аҳду аз ғами мо ҳеҷ ғам надошт.

Ё Раб, магираш, ар дили ҳамчун кабӯтарам
Афканду кушту иззати сайди ҳарам надошт.

Бар ман ҷафо зи бахти ман омад, вагарна ёр.
Ҳошо, ки расми лутфу тариқи ситам надошт.

Бо ин ҳама ҳар он кӣ на хорӣ кашид аз ӯ,
Ҳар ҷо, ки рафт, ҳеҷ касаш мӯҳтарам надошт.

Соқӣ, биёр бодаву бо мӯҳтасиб бигӯ:
«Инкори мо макун, ки чунин ҷом Ҷам надошт».

Ҳар роҳрав, ки раҳ ба ҳарими дараш набурд,
Мискин бурид водиву раҳ дар ҳарам надошт.

Ҳофиз, бибар ту гӯйи фасоҳат, ки муддаӣ,
Ҳеҷаш ҳунар набуду хабар низ ҳам надошт.