Илм чандон, ки бештар хонӣ

Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ!

На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое бар ӯ китобе чанд!

Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?