GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 18

Хирқапӯше дар корвони Ҳиҷоз ҳамроҳи мо буд. Яке аз умарои араб мар ӯро сад динор бахшид, то қурбон кунад. Дуздони Хафоҷа ногоҳ, бар корвон заданду пок бибурданд. Бозаргонон гиряву зорӣ кардан гирифтанд ва фарёди бефоида хондан.

Гар тазарруъ кунию гар фарёд,
Дузд зар бозпас нахоҳад дод.

Магар он дарвеши солиҳ, ки бар қарори хеш монда буд ва тағйир дар ӯ наёмад. Гуфтам:

- Магар маълуми туро дузд набурд?

Гуфт:

- Бале, бурд, валекин маро бо он улфате чунон набуд, ки ба вақти муфориқат хастадилӣ бошад.

Набояд бастан андар чизу кас дил,
Ки дил бардоштан корест мушкил.

Гуфтам:

- Муносиби ҳоли ман аст, он чӣ гуфтӣ, ки маро дар аҳди ҷавонӣ бо ҷавоне иттифоқи мухолитат буд ва сидқи маваддат то ба ҷое, ки қиблаи чашмам ҷамоли ӯ будӣ ва суду сармояи умрам висоли ӯ.

Магар малоика дар осмон вагарна башар
Ба ҳусни сурати ӯ дар замин нахоҳад буд.
Ба дӯстӣ, ки ҳаром аст баъд аз ӯ суҳбат,
Ки ҳеч нутфа чун ӯ одамӣ нахоҳад буд.

То гаҳе пои вуҷудаш ба гили аҷал фурӯ рафт ва дуди фироқ аз дудмонаш баромад, рӯзҳо дар хокаш муҷоварат кардам ва аз ҷумла бар фироқи ӯ гуфтам:

Кош, к-он руз, ки дар пои ту шуд хори ачал,
Дасти гетй бизадй теги далокам бар cap.
То дар ин руз чадон бе ту надидй чашмам,
Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар cap!

* * *

Он ки қарораш нагирифтию хоб,
То гулу насрин нафишондӣ нахуст.
Гардиши гетӣ гули рӯяш бирехт,
Хорбунон бар сари хокаш бируст.

Баъд аз муфорақати ӯ азм кардаму ният ҷазм, ки бақияти зиндагонӣ фарши ҳавас дарнавардам ва гирди муҷоласат нагардам.

Суди дарё нек будӣ, гар набудӣ бими мавҷ,
Суҳбати гул хуш будӣ, гар нестӣ ташвиши хор.
Дӯш чун товус менозидам андар боғи васл,
Дигар имрӯз аз фироқи ёр мепечам чу мор.

Саъдии Шерозӣ. ГУЛИСТОН. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2008, 232 саҳ.

Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 19
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 20
Саъдии Шерозӣ Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 21
Саъдии Шерозӣ Боби шашум » Дар зафъи пирӣ » Ҳикояти 1
Саъдии Шерозӣ Боби шашум » Дар зафъи пирӣ » Ҳикояти 2
Саъдии Шерозӣ Боби шашум » Дар зафъи пирӣ » Ҳикояти 3
Саъдии Шерозӣ Боби шашум » Дар зафъи пирӣ » Ҳикояти 4
Саъдии Шерозӣ Боби шашум » Дар зафъи пирӣ » Ҳикояти 5
Саъдии Шерозӣ Боби шашум » Дар зафъи пирӣ » Ҳикояти 6
Саъдии Шерозӣ Боби шашум » Дар зафъи пирӣ » Ҳикояти 7
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР