Саъдии Шерозӣ

Боби панҷум » Дар ишқу ҷавонӣ » Ҳикояти 21

Ҷавоне покбозу покрав буд,
Ки бо покизарӯе дар гарав буд.
Чунин хондам, ки дар дарёи аъзам
Ба гирдобе дарафтоданд бо ҳам.
Чу маллоҳ, омадаш, то даст гирад,
Мабодо, к-андар он ҳолат бимирад.
Ҳамегуфт аз миёни мавҷу ташвир:
Маро бигзору дасти ёри ман гир!
Дар ин гуфтан ҷаҳон бар вай дарошуфт,
Шунидандаш, ки ҷон медоду мегуфт.
Ҳадиси ишқ аз он баттол манюш,
Ки дар сахтӣ кунад ёри фаромӯш!
Чунин карданд ёрон зиндагонӣ,
Зи корафтода бишнав, то бидонӣ,
Ки Саъдӣ роҳу расми ишқбозӣ
Чунон донад, ки дар Бағдод тозӣ.
Дилороме, ки дорӣ, дил дар ӯ банд,
Дигар чашм аз хама олам фуру банд.
Агар Маҷнуну Лайлӣ зинда гаштӣ,
Ҳадиси ишқ аз ин дафтар набиштӣ.