Саъдии Шерозӣ

Боби шашум » Дар зафъи пирӣ » Ҳикояти 1

Бо тоифае донишмандон дар ҷомиъи Димишқ баҳсе кардам, ки ҷавоне даромаду гуфт:

- Дар ин миён касе ҳаст, ки забони порсӣ бидонад?

Ғолиб ишорат ба ман карданд. Гуфтамаш:

- Хайр аст?

Гуфт:

- Пире садупанҷоҳсола дар ҳолати назъ аст ва ба забони порсӣ чизе ҳамегӯяд ва мафҳуми мо намегардад. Агар ба карам ранҷа шавӣ, музд ёбӣ, шояд, ки васияте ҳамекунад.

Чун ба болинаш фаро расидам, ин мегуфт:

Даме чанд, гуфтам, барорам ба ком,
Дареғо, ки бигрифт роҳи нафас.
Дареғо, ки дар хони алвони умр
Даме хӯрда будему гуфтанд: «Бас!»

Маонии ин суханро ба арабӣ бо шомиён ҳамегуфтаму тааҷҷуб ҳамекарданд аз умри дарозу таассуфи ӯ ҳамчунон бар ҳаёти дунё.

Гуфтам:

- Чӣ гунаӣ дар ин ҳолат?

Гуфт:

- Чӣ гӯям аз ин вартаи ҳоили махуф?

Надидаӣ, ки чӣ сахтӣ ҳамерасад ба касе,
Ки аз даҳон-ш бадар мекунанд дандоне.
Қиёс кун, ки чӣ ҳолат бувад дар он соат,
Ки аз вуҷуди азизаш бадар равад ҷоне.

Гуфтам:

- Тасаввури маргро аз хаёлат бадар кун ва ваҳмро бар табиат муставлӣ магардон, ки файласуфони Юнон гуфтаанд: «Мизоҷ гарчи мустақим бувад, эътимоди бақоро нашояд ва мараз гарчи ҳоил, далолати куллӣ бар ҳалок накунад» Агар фармоӣ, табиберо бихонам, то муолиҷат кунад. Дида бар кард, бихандиду гуфт:

Даст бар ҳам занад табиби зариф,
Чун ҳариф бинад уфтода ҳариф,
Хоҷа дар банди нақши айвон аст,
Хона аз пойбаст вайрон аст.
Пирмарде зи назъ менолид,
Пирзан сандалаш ҳамемолид.
Чун муҳаббат шуд эътидоли мизоҷ,
На азимат асар кунад, на илоҷ!