Дуруштию нармӣ ба ҳам-дар беҳ аст

Дуруштию нармӣ ба ҳам-дар беҳ аст,
Чу рагзан, ки ҷарроҳу марҳамнеҳ аст!

Дуруштӣ нагирад хирадманд пеш.
На сустӣ, ки нозил кунад қадри хеш!

На мар хештанро фузунӣ ниҳад,
На якбора тан дар мазаллат диҳад!