Мурғак аз байза бурун ояду рӯзӣ талабад

Мурғак аз байза бурун ояду рӯзӣ талабад,
В-одамизода надорад хабар аз ақлу тамиз.

Он ки ногоҳ касе гашт, ба чизе нарасид,
В-ин ба тамкину фазилат бигузашт аз ҳама чиз.

Обгина ҳама ҷо ёбӣ, аз он қадраш нест,
Лаъл душвор ба даст ояд, аз он аст азиз.