Саъдии Шерозӣ

Боби ҳафтум » Дар таъсири тарбият » Ҳикояти 1

Яке аз вузароро писаре кавдан буд. Пеши яке аз донишмандон фиристод, ки мар инро тарбияте мекун, магар оқил шавад. Рӯзгоре таълим кардашу муассир набуд. Пеши падараш кас фиристод, ки ин писар оқил намешавад ва наздик аст, ки маро девона кунад.

Чун бувад асли гавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ӯ асар бошад.
Ҳеч сайқал накӯ наёрад кард
Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.
Саг ба дарёи ҳафтгона машӯй,
Ки чу тар шуд, палидтар бошад.
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.