Тавон шинохт ба як рӯз дар шамоили мард

Тавон шинохт ба як рӯз дар шамоили мард,
Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум.
Вале зи ботинаш эмин мабошу ғарра машав,
Ки хубси нафс нагардад ба солҳо маълум!