Гар ҳунарманд аз авбош ҷафое бинад

Гар ҳунарманд аз авбош ҷафое бинад,
То дили хеш наёзорад, дар ҳам нашавад.
Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.