Саъдии Шерозӣ

Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе

Гиле хушбӯй¹ дар ҳаммом рӯзе
Расид аз дасти маҳбубе² ба дастам.

Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ³ ё абирӣ,⁴
Ки аз бӯйи диловези⁵ ту мастам?!

Бигуфто, ман гиле ночиз будам,
Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли⁶ ҳамнишин дар ман асар кард,
Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.

1. гили хушбӯйи саршӯйӣ, ки дар гузашта дар ҳаммомҳо аз он истифода мекарданд, навъе собун.
2. ҷаноб, касе, ки ба ӯ хидмат кунанд.
3. моддаи хушбӯе, ки аз нофи оҳуи Хутан мегиранд ва дар атрсозӣ ба кор меравад.
4. моддаи хушбӯе, ки аз мушку гулоб ва ғайра тайёр мешавад.
5. дилкаш, хушу гуворо.
6. хубӣ, сифатҳои нек, бузургӣ.