Харе, ки бинию боре ба гил дарафтода

Харе, ки бинию боре ба гил дарафтода,
Ба дил бар ӯ шафақат кун, вале марав ба сараш!
Кунун, ки рафтию пурсидияш, ки чун афтод?
Миён бибанду чу мардон бигир дунби хараш!