Умеди офият, он гаҳ бувад мувофиқи ақл

Умеди офият, он гаҳ бувад мувофиқи ақл,
Ки набзро ба табиатшинос бинмойӣ.
Бипурс ҳар чӣ надонӣ, ки зулли пурсидан
Далели роҳи ту бошад, ба иззи доноӣ!