Сухандони¹ парварда,² пири куҳан
Бияндешад он гаҳ бигӯяд сухан.
Мазан бетааммул³ ба гуфтор дам,
Накӯ гӯй ва гар дер гӯйӣ, чӣ ғам?
Бияндеш в-он гаҳ баровар нафас
В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд «бас»!
Ба нутқ⁴ одамӣ беҳтар аст аз давоб,⁵
Давоб аз ту беҳ, гар нагӯӣ савоб.⁶
1. адиб, суханшинос.
2. тарбиятёфта, озмуда, ботаҷриба.
3. андеша, фикр.
4. тафаккуру сухан, андешаю баён (нутқ фарқи асосии одам аз тамоми ҳайвонот аст).
5. ҷамъи «добба»: ҳайвонот, чорпоён.
6. дуруст, нек.