То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст

То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст,
Бояд, ки ба гуфтан даҳан аз ҳам накушоӣ!
Гар рост сухан гӯйию дар банд бимонӣ,
Беҳ з-он ки дурӯғат диҳад аз банд раҳоӣ.