Қуръон, ки меҳин калом хонанд онро

Қуръон, ки меҳин калом хонанд онро,
Гаҳ-гоҳ, на бардавом хонанд онро.
Бар гирди пиёла ояте ҳаст муқим,
К-андар ҳама ҷо мудом хонанд онро.