Гар май нахӯрӣ, таъна мазан мастонро

Гар май нахӯрӣ, таъна мазан мастонро,
Бунёд макун ту ҳилаву дастонро,
Ту ғарра бад-он машав, ки май менахӯрӣ,
Сад луқма хӯрӣ, ки май ғулом аст онро.