Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.

Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст?!

Дониши ӯ на хубу чеҳра - ш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст.