Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.

Ин теғ на аз баҳри ситамкорон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.

Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор,
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?!

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт!