Имрӯз, ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост

Имрӯз, ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.

Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб, ту бизан руд,
То май хурам имрӯз, ки вақти тараби мост.

Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухон ҳаст,
Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост!