Ба саройи сипанҷ меҳмонро

Ба саройи сипанҷ меҳмонро
Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост.

Зери хок-андарун-т бояд хуфт,
Гарчи акнун-т хоб бар дебост.

Бо касон буданат чӣ суд кунад,
Ки ба гӯр-андарун шудан танҳост!

Ёри ту зери хок мӯру магас,
Чашм бикшо, бибин, кунун пайдост!

Он ки зулфайну гесуят пирост,
Гарчи динор ё дирам-ш баҳост,

Чун туро дид зард гуна шуда,
Сард гардад дилаш, на нобиност!