Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт

Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт.

В-он ақиқин майе, ки ҳар кӣ бидид,
Аз ақиқи гудохта нашнохт.

Ҳар ду як гавҳаранд, лек ба табъ
Ин бияфсурду он дигар бигдохт.

Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида ба торак - андар тохт.