Сарсари ҳаҷри ту, ай сарви баланд

Сарсари ҳаҷри ту, ай сарви баланд,
Решаи умри ман аз бех биканд.

Пас, чаро бастаи ӯям ҳама умр,
Агар он зулфи дуто нест каманд?!

Ба яке ҷон натавон кард суол,
К-аз лаби лаъли ту як бӯс ба чанд!

Бифканад оташ андар дили ҳусн,
Он чи ҳиҷрони ту аз сина фиканд!