Ҳофизи Шерозӣ

87. Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт

Ҳуснат ба иттифоқи малоҳат ҷаҳон гирифт,
Оре, ба иттифоқ ҷаҳон метавон гирифт.

Ифшои рози хилватиён хост кард шамъ,
Шукри Худо, ки сирри дилаш дар забон гирифт.

З-ин оташи нуҳуфта, ки дар синаи ман аст,
Хуршед шӯълаест, ки дар осмон гирифт,

Мехост дил, ки дам занад аз рангу бӯйи дӯст,
Аз ғайрати сабо нафасаш дар даҳон гирифт.

Осуда бар канор чу паргор мешудам,
Даврон чу нуқта оқибатам дар миён гирифт.

Он рӯз шавқи соғари май хирманам бисӯхт,
К-оташ зи акси орази соқӣ дар он гирифт.

Хоҳам шудан ба кӯйи муғон остинфишон
З-ин фитнаҳо, ки домани охирзамон гирифт.

Май хӯр, ки ҳар кӣ охири кори ҷаҳон бидид,
Аз ғам сабук баромаду ратли гарон гирифт.

Бар барги гул ба хуни шақоиқ навиштаанд,
К-он кас, ки пухта шуд, майи чун арғавон гирифт.

Ҳофиз, чу оби лутф зи назми ту мечакад,
Ҳосид чӣ гуна нукта тавонад бар он гирифт.