Маро ҷуди ӯ тоза дорад ҳаме

Дар мадҳи вазир Абуттаййиб ат-Тоҳири Мусъабӣ

Маро ҷуди ӯ тоза дорад ҳаме,
Магар ҷудаш абр асту ман киштзор?!

Магӯ як су афкан, ки худ ҳам чунин
Бияндешу дидай хирад баргумор.

Або барқу бо ҷастани соъиқа,
Або ғулғули раъд дар кӯҳсор.

На моҳи Сиёмӣ, на моҳи фалак,
Ки инат ғулом асту он пешкор.

На чун пури мири Хуросон, ки ӯ
Аторо нишаста бувад Кирдгор!