Бар рухаш зулф ошиқ аст чу ман

Бар рухаш зулф ошиқ аст чу ман,
Лоҷарам, ҳамчу ман-ш нест қарор.

Ману зулфайни ӯ нигунсорем,
Ӯ чаро бар гул асту ман бар хор?!

Ҳамчу чашмам тавонгар аст лабаш,
Он ба лаъл, ин ба луълуи шаҳвор.

То ба хок-андарат нагардонад,
Хоку мок аз ту барнадорад кор.

Рук, ки то пеши ёр бинмоӣ,
Дили ту хуш кунад ба хуш гуфтор.

Бод якчанд бар ту паймояд,
Андар оташ равон шавад бозор.

Лаъли майро зи дурҷи хум баркаш,
Дар кадунима кун, ба пеши ман ор!¹


¹ Баъди ин байте омада, ки мо онро ба қисмати «Абёти бозмонда» гузаронидем.