Аз ту дил барнаканам, то дилу ҷонам бошад

Аз ту дил барнаканам, то дилу ҷонам бошад,
Мебарам ҷаври ту, то вусъу¹ тавонам бошад.

Гар навозӣ, чӣ саодат беҳ аз ин хоҳам ёфт,
В-ар кушӣ зор, чӣ давлат беҳ аз онам бошад?!

Чун маро ишқи ту, аз ҳар чӣ ҷаҳон, бозситад,
Чӣ ғам аз сарзаниши ҳар кӣ ҷаҳонам бошад²?

Теғи қаҳр ар ту занӣ, қуввати рӯҳам гардад,
Ҷоми заҳр ар ту диҳӣ, қути равонам бошад.

Дар қиёмат чу сар аз хоки лаҳад бардорам,
Гарди савдои ту бар домани ҷонам бошад.

Гар туро хотири мо нест, хаёлат бифирист,
То шабе маҳрами асрори ниҳонам бошад.

Ҳар касеро зи лабат хушк таманное ҳаст,
Ман худ ин бахт надорам, ки забонам бошад.

Ҷон барафшонам, агар Саъдии хешам хонӣ,
Сари ин дорам, агар толиъи онам бошад.


¹ Тавонгарӣ, тавоноӣ.
² Ҳар кӣ дар ҷаҳон маро бошад.