Зиндагонӣ чи кӯтаҳу чи дароз

Зиндагонӣ чи кӯтаҳу чи дароз,
На ба охир бимурд бояд боз?!

Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд
Ин расанро, агарчи ҳаст дароз.

Хоҳӣ, андар анову шиддат зӣ,
Хоҳӣ, андар амон ба неъмату ноз.

Хоҳӣ, андактар аз ҷаҳон бипазир,
Хоҳӣ, аз Рай бигир то ба Тароз.

Ин ҳама боду буди ту хоб аст,
Хобро ҳукм не магар ба маҷоз.

Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,
Нашиносӣ зи якдигар-шон боз.