Чун гусӣ кардамат ба дастаки хеш

Чун гусӣ кардамат ба дастаки хеш,
Гунаҳи хеш бар ту афкандам.

Хона аз рӯйи ту тиҳӣ кардам,
Дида аз хуни дил биёгандам.

Аҷаб ояд маро зи кардаи хеш,
К-аз дари гиряам ҳамехандам.