Модари майро бикард бояд қурбон

Модари майро бикард бояд қурбон,
Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон.

Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ,
То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон.

Ҷуз ки набошад ҳалол дур бикардан
Баччаи кӯчак зи шири модару пистон

То нахурад шир ҳафт маҳ ба тамомӣ
Аз сари урдибиҳишт то буни обон.

Он гаҳ шояд зи рӯйи дину раҳи дод
Бачча ба зиндони тангу модар қурбон.

Чун бисупорӣ ба ҳабс баччаи ӯро,
Ҳафт шаборӯз хира монаду ҳайрон.

Боз чу ояд ба ҳушу ҳол бибинад,
Ҷӯш барорад, бинолад аз дили сӯзон.

Гоҳ забар зер гардад аз ғаму гаҳ боз
Зер забар, ҳамчунон зи андуҳи ҷӯшон.

Зарр бар оташ куҷо бихоҳӣ полуд,
Ҷӯшад, лекин зи ғам наҷӯшад чандон.

Боз ба кирдори уштуре, ки бувад маст,
Кафк барорад зи хашму зояд султон.

Марди ҳарас кафкҳош пок бигирад,
То бишавад тирагишу гардад рахшон.

Охир, к-ором гираду начахад низ
Дар-ш кунад устувор марди нигаҳбон.

Чун бинишинад тамому софӣ гардад,
Гунаи ёқути сурх гираду марҷон.

Чанд аз ӯ сурх чун ақиқи ямонӣ,
Чанд аз ӯ лаъл чун нигини Бадахшон!

В-ар-ш бибӯйӣ, гумон барӣ, ки гули сурх
Бӯй бад-ӯ доду мушку анбар бо бон.

Ҳам ба хум-андар ҳамегузорад чунин
То ба гаҳи навбаҳору нимаи найсон.

Он гаҳ агар ними шаб дараш бигушоӣ,
Чашмаи хуршедро бибинӣ тобон.

В-ар ба булӯр- андарун бибинӣ, гӯйӣ:
— Гавҳари сурх аст ба каффи Мӯсии Имрон.

Зуфт шавад родмарду суст диловар
Гар бичашад з-ӯю рӯйзард гулистон.

В-он-к ба шодӣ яке қадаҳ бихурад з-ӯй,
Ранҷ набинад аз он фарозу на аҳзон.

Андуҳи даҳсоларо ба Танҷа рамонад,
Шодии навро зи Рай биёраду Уммон.

Бо майи чунин, ки солхурда бувад, чанд
Ҷома бикарда фарози панҷаҳ хулқон.

Маҷлис бояд бисохта маликона
Аз гулу аз ёсамину хайрии алвон.

Неъмати фирдавс густарида зи ҳар сӯ,
Сохта коре, ки кас насозад чунон.

Ҷомаи заррину фаршҳои навойин,
Шуҳра раёҳину тахтҳои фаровон.

Барбати Исову лавнҳои Фаводӣ,
Чанги Мадакниру нойи Чобуки Ҷонон.

Як саф мирону Балъамӣ биншаста,
Як саф ҳуррону Пирсолиҳи Деҳқон.

Хусрав бар тахти пешгоҳ нишаста
Шоҳи мулуки ҷаҳон - амири Хуросон.

Турк ҳазорон ба пой пеши саф-андар,
Ҳар як чун моҳи бар ду ҳафта дурафшон.

Ҳар як бар сар басоки мӯрд ниҳода
Рӯш майи сурху зулфу ҷаъдаш райҳон.

Бодадиҳанда буте бадеъ зи хубон
Баччаи хотуни турку баччаи хоқон.

Чун-ш бигардад набид, чанд ба шодӣ
Шоҳи ҷаҳон шодмону хурраму хандон.

Аз кафи турке сиёҳчашми парирӯй
Қомат чун сарву зулфаконаш чавгон.

З-он майи хушбӯй соғаре биситонад,
Ёд кунад рӯйи шаҳрёри Сиҷистон.

Худ бихурад нӯшу авлиёш ҳам эдун
Гӯяд ҳар як, чу май бигирад шодон:

Шодии Бӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад,
Он маҳи озодагону мафхари Эрон!

Он малики адлу офтоби замона,
Зинда бад-ӯ доду рӯшноии Кайҳон!

Он, ки набуд аз нажоди Одам чун ӯ,
Низ набошад, агар нагӯйӣ буҳтон!

Ҳуҷҷати якто Худову сояи ӯяст,
Тоъати ӯ карда воҷиб ояти «Фурқон».

Халқ зи хоку зи обу оташу боданд
В-ин малик аз офтоби гавҳари Сосон.

Фарр бад-ӯ ёфт мулки тираву торӣ,
Адн бад-ӯ гашт низ гетии вайрон.

Гар ту фасеҳӣ, ҳама маноқиби ӯ гӯй
В-ар ту дабирӣ, ҳама мадоиҳи ӯ хон!

В-ар ту ҳакимию роҳи ҳикмат ҷӯйӣ
Сирати ӯ гиру хуб мазҳаби ӯ дон!

Он, ки бад-ӯ бингарӣ ба ҳикмат, гӯйӣ:
— Инак Суқроту ҳам Фалотуни Юнон!

В-ар ту фақеҳию сӯйи шаръ гаройӣ,
Шофиъӣ инак-ту Бӯҳанифаву Суфён!

Гар бикушояд зуфон ба илму ба ҳикмат,
Гӯш кун инак ба илму ҳикмат Луқмон!

Марди адабро хирад фазояду ҳикмат
Марди хирадро адаб фазояду имон.

В-ар ту бихоҳӣ фариштае, ки бибинӣ
Инак ӯяст ошкоро Ризвон!

Хуб нигаҳ кун бад-он латофату он рӯй,
То ки бибинӣ бар ин, ки гуфтам бурҳон.

Покии ахлоқи ӯ покнажодӣ,
Бо нияти неку бо макорими эҳсон.

В-ар сухани ӯ расад ба гӯши ту як роҳ,
Саъд шавад мар туро нуҳусати Кайвон.

В-ар-ш ба садр-андарун нишаста бибинӣ,
Ҷазм бигӯйӣ, ки зинда гашт Сулаймон.

Соми саворе, ки то ситора битобад,
Асб набинад чун ӯ савор ба майдон.

Боз ба рӯзи набарду кину ҳамият,
Гар-ш бибинӣ миёни миғфару хафтон,

Хор намояд-т жандапил бад-он гоҳ
В-арчи бувад масту шергаштаву ғуррон.

В-ар-ш бибинӣ Сифандёр гаҳи разм,
Пеши синонаш ҷаҳон давидию ларзон.

Гарчи ба ҳангоми ҳилм кӯҳи тани ӯй
Кӯҳи Сиём аст, ки кас набинад ҷунбон.

Душман ар аждаҳост, пеши синонаш
Гардад чун мум пеши оташи сӯзон.

В-ар ба набард оядаш ситораи Баҳром,
Гӯшаи шамшери ӯ шавад ба гаравгон.

Боз бад-он гаҳ, ки май ба даст бигирад,
Абри баҳорӣ чун ӯ наборад борон.

Абри баҳорӣ ҷуз оби тира наборад,
Ӯ ҳама дебо ба тахту зарр ба анбон.

Бо ду каф ӯ зи бас ато, ки бибахшад,
Хор намояд ҳадису қиссаи Тӯфон.

Лоҷарам, аз ҷуду аз саховати ӯяст
Нарх гирифта мадеҳу сомит арзон.

Шоир зӣ ӯ равад фақиру таҳидаст,
Бо зари бисёр бозгардаду ҳумлон.

Марди суханро аз ӯ навохтану бир,
Марди адабро аз ӯ вазифаи девон.

Боз ба ҳангоми доду адл бари халқ
Нест ба гетӣ чун ӯ набилу мусулмон.

Дод биёбад заъиф ҳамчу қавӣ з-ӯй,
Ҷавр набинӣ ба назди ӯву на удвон.

Неъмат ӯ густарида бар ҳама гетӣ,
Он чи кас аз неъматаш набинӣ урён.

Бастаи гетӣ аз ӯ биёбад роҳат,
Хастаи гетӣ аз ӯ биёбад дармон.

Бо расани афви он муборакхусрав
Ҳалқаи танг аст, ҳар-ч дашту биёбон.

Пӯзиш бипзираду гуноҳ бибахшад,
Хашм наронад, ба афв кӯшаду ғуфрон.

Он малики Нимрӯзу хусрави пирӯз
Давлати ӯ юзу душман оҳуи нолон.

Амр ибн-ул-Лайс зинда гашт бад-ӯ боз
Бо ҳашами хешу он замонаи эшон!

Рустамро ном агарчи сахт бузург аст,
Зинда бад-ӯяст номи Рустами Дастон.

Рӯдакиё, барнавард мадҳи ҳама халқ,
Мидҳати ӯ гӯю маҳри давлат бистон!

В-арчи бикӯшӣ, ба ҷаҳди хеш бигӯйӣ
В-арчи кунӣ тез фаҳми хеш ба сӯҳон,

В-арчи дусад тобиъа фаришта дорӣ,
Низ парӣ бозу ҳар-ч ҷиннию шайтон,

Гуфт надонӣ сазошу хезу фароз ор
Он ки бигуфтӣ, чунон-к гуфтӣ, натвон.

Инак мадҳе чунон, ки тоқати ман буд,
Лафз ҳама хубу ҳам ба маънӣ осон,

Ҷуз ба сазовори мир гуфт надонам
В-арчи Ҷарирам ба шеъру Тойию Ҳассон!

Мадҳи амире, ки мадҳ з-ӯст ҷаҳонро,
Зинат ҳам з-ӯву фарру нузҳату сомон.

Сахт шикӯҳам, ки аҷзи ман бинамояд
В-арчи Сареъам або фасоҳати Саҳбон.

Бурд чунин мадҳу арза кард замоне
В-арчи бувад чира бар мадоиҳи шоҳон.

Мадҳи ҳама халқро карона падид аст,
Мидҳати ӯро карона неву на поён.

Нест шигифте, ки Рӯдакӣ ба чунин ҷой
Хира шавад беравону монад ҳайрон.

В-ар на маро Бӯумар диловар кардӣ
В-он гаҳ дастури баргузидаи Аднон,

Заҳра куҷо будаме ба мадҳи амире,
К-аз пайи ӯ офарид гетӣ Яздон?!

В-ар-м заъифию бебудим набудӣ
В-он-к набуд аз амири Машриқ фармон,

Худ бидавидӣ ба сони пайк мураттаб
Хидмати ӯро гирифта ҷома ба дандон.

Мадҳ расул аст, узри ман бирасонад,
То бишиносад дуруст мири сухандон.

Узри раҳӣ заъфу нотавонию пирӣ,
К-ӯ ба тани хеш аз ин наёмад меҳмон.

Давлати мирам ҳамеша бод бар афзун,
Давлати аъдои ӯ ҳамеша ба нуқсон!

Сар-ш расида ба моҳ-бар ба баландӣ,
В-они муъодӣ ба зери моҳӣ пинҳон!

Талъат тобандатар зи талъати хуршед,
Неъмат пояндатар зи Ҷудию Саҳлон!