GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 1

Подшоҳеро шунидам, ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар ҳолати навмедӣ маликро дашном додан гирифт ва сақат гуфтан, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд, ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд»:

Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.

Изо яиса-л-инсону тола лисонуҳу,
Касиннавир мағлубин ясулу ала-л-калби.

Тарҷумаи байт:

Одамиро ба гоҳи навмедӣ забон дароз гардад,

Чун он гурба, ки ба вақти шикаст бар саг битозад.

Малик пурсид:

– Чӣ мегӯяд?

Яке аз вузарои некмаҳзар гуфт:

– Эй худованд, ҳамегӯяд: «Ва-л-козимина-л-ғай-зи ва-л-офийина ан-ин-носи (тарҷумааш: Пӯшандагони ғазаб ва бахшояндагони гуноҳи мардум).

Маликро раҳмат омад ва аз сари хуни ӯ даргузашт.

Вазири дигар, ки бар зидди ӯ буд, гуфт:

– Абнои ҷинси моро нашояд дар ҳазрати подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин маликро дашном дод ва носазо гуфт.

Малик рӯй аз ин сухан дарҳам овард ва гуфт:

– Маро он дурӯғ писандидатар омад аз ин рост, ки ту гуфтӣ, ки рӯи он дар маслиҳате буд ва бинои ин бар хабосате ва хирадмандон гуфтаанд: «Дурӯғе маслиҳатомез беҳ, ки аз росте фитнаангез».

Ҳар кӣ шоҳ он кунад, ки ӯ гӯяд,
Ҳайф бошад, ки ҷуз накӯ гӯяд.

Бар тоқи айвони Фаридун набишта буд:
Ҷаҳон, эй бародар намонад ба кас,
Дил андар Ҷаҳонофарин банду бас!
Макун такя бар мулку дунёву пушт,
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.
Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чи бар тахт мурдан, чи бар рӯи хок.

Саъдии Шерозӣ. ГУЛИСТОН. Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2008, 232 саҳ.

Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 2
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 3
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 4
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 5
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 6
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 7
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 8
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 9
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 10
Саъдии Шерозӣ Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 11
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР