Чӣ касӣ, ки ҳеч касро ба ту-бар назар набошад

Чӣ касӣ, ки ҳеч касро ба ту-бар назар набошад,
Ки на дар ту боз монад, магараш басар набошад.

На тариқи дӯстон асту на шарти меҳрбонӣ,
Ки зи дӯстӣ бимирему туро хабар набошад.

Макун, арчи метавонӣ, ки зи хидматам биронӣ,
Назананд соилеро, ки даре дигар набошад.

Ба раҳат нишаста будам, ки назар кунӣ ба ҳолам,
Накунӣ, ки чашми мастат зи хумор бар набошад.

Ҳама шаб дар ин ҳадисам, ки хунук тане ки дорад,
Мижае ба хобу бахте, ки ба хоб-дар набошад.

Чӣ хуш аст мурғи ваҳшӣ, ки ҷафои кас набинад,
Ману мурғи хонагиро бикушанду пар набошад.

На ман он гуноҳ корам, ки битарсам аз уқубат,
Назаре, ки сар набозӣ, зи сари назар набошад.

Қамаре ки дӯст дорӣ, ҳама рӯз дил бар он неҳ,
Ки шабет хун бирезад, ки дар ӯ қамар набошад.

Чи вуҷуди нақши девору чи одамӣ, ки бо ӯ
Сухане зи ишқ гӯянду дар ӯ асар набошад?!

Шабу рӯз рафт бояд қадами равандагонро,
Чу ба маъмане расидӣ, дигарат сафар набошад.

Аҷаб аст пеши баъзе, ки тар аст шеъри Саъдӣ,
Варақи дарахти тӯбост, чӣ гуна тар набошад?