Дили ман равшан аз сӯзи дарун аст

Дили ман равшан аз сӯзи дарун аст,
Ҷаҳонбин чашми ман аз ашки хун аст.
Зи рамзи зиндагӣ бегонатар бод,
Касе, к-ӯ ишқро гӯяд ҷунун аст.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Аз «Паёми Машриқ»